Суди вилояти Суғд сокини 53-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О.Ҷ-ро мутобиқи моддаи 138, қ. 3, банди «д»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Таҷовуз ба номус бо истифодаи яроқ ё таҳдиди истифодаи он ё предмете, ки ба сифати яроқ хизмат мекунад) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Раиси мурофиаи додгоҳии мазкур судя Суҳроб Нурализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҳкумшуда нахуст соли 2013 ва маротибаи дуюм соли 2015 ба номуси ҳамсари писари худ – модари ду наберааш, зани 26-сола дастдарозӣ карда, пас аз дафъаи дуюми содир шудани ин амал, зан аз ин ҳодиса хешовандонашро огоҳ мекунад ва фарзандонашро бо худ гирифта, ба хонаи волидонаш меравад.
Қобили зикр аст, ки ҳамсари маҳкумшуда ва ҳамчунин шавҳари ҷабрдида дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.



