Дастурҳои нав ба бонкҳои Тоҷикистон оид ба беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ

Бо мақсади сари вақт иҷро намудани дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, маҳдуд намудани гардиши ғайрирасмии асъори хориҷӣ ва таъмини муътадили рушди низоми бонкӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо масъулини Идораҳои амалиётии бонкҳои кишвар мулоқот доир намуд. […]

ASIA-Plus



Бо мақсади сари вақт иҷро намудани дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, маҳдуд намудани гардиши ғайрирасмии асъори хориҷӣ ва таъмини муътадили рушди низоми бонкӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо масъулини Идораҳои амалиётии бонкҳои кишвар мулоқот доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, тавре дар ҷараёни вохӯрӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, бо вуҷуди он ки дар нуҳ моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми амонатҳои ҷалбшудаи аҳолӣ, бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзӣ мутаносибан ба андозаи 30 фоиз ва 24 фоиз зиёд шуданд, шумораи арзу шикоятҳои мардум оид ба паст будани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ, аз ҷониби кормандони бонкҳо эҷод кардани монеаҳои сунъӣ ҳангоми кор бо муштариён ба Бонки миллӣ ворид мешаванд. Ҳол он ки ҳанӯз, 5 майи соли ҷорӣ Дастури Бонки миллии Тоҷикистон оид ба роҳ мондани қабули пурраю бе мамонияти пасандозу амонатҳои аҳолӣ ва таъмини сифати баланди хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол гардида буд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои бонкӣ ва беҳтар анҷом додани амалиётҳо бо асъори хориҷӣ дар айни замон дастури иловагии Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда истодааст ва он дар рӯзҳои наздик ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол мегардад.

Дар идомаи ҷаласа ҳамчунин дар бораи дастури нави Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ

мустақилона муқаррар шудани қурби харид ва фурӯши долл. нақди ИМА

сухан рафт. Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз намояндагони ташкилотҳои қарзӣ талаб намуд, ки қурби харид ва фурӯши долл. нақди ИМА бо назардошти вазъи бозори дохилӣ ва мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, муқаррар ва амалӣ намоянд.

Илова бар ин, бо мақсади таъмини суботи молиявӣ, боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, қонуният ва роҳ надодан ба ҳолатҳои дахолати беасос ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар шароити буҳрони иқтисодӣ, аз ташкилотҳои қарзӣ, ҳангоми санҷиши онҳо аз ҷониби мақомоти назоратӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи қатъии талаботи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” (оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, маълумотҳо ва маводҳои дорои сирри бонкӣ) талаб карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.