Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми кишварро ба муносибати 21-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки санаи 6 ноябр ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфт.
Дар
паёми телевизионии
ба ин муносибат нашршуда дар сомонаи расмии сарвари давлат зикр мегардад, ки бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст.
«Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад, – қайд мекунад президент. – Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад».
Таъкид мешавад, ки дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Ба гуфтаи президент, Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон дошт.
«Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд», – омадааст дар паём.
Гуфта мешавад, тамоми низоми қонунгузории миллӣ ба муқаррароти Конститутсия мувофиқ гардонида шуда, фаъолияти парламенти касбии кишвар ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат, густариш бахшидани раванди демократикунонии ҷомеа ва пешбурди бомароми ислоҳоти иқтисодиву ҳуқуқӣ равона гардид.
«Фаъолияти озоди иқтисодиву соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвари моро таъмин намуд ва барои муайян кардани сиёсати мутавозин, хусусан, дар самти паст кардани таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллиамон асоси боэътимод гузошт, – таъкид мешавад дар паём. – Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст».



