Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳудуди хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр барои сохтмони бинои хонаи ақди никоҳ ва ансамбли рақсии «Зебо» санги асос гузошт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бинои мазкур соли оянда, дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлати мавриди истифода қарор гирифта, барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фарҳанг тӯҳфаи арзанда хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 5457 метри квадрати ва масоҳати сохтмон 2365 метри квадратиро фаро мегирад. Дар ин ҷо хонаи акди никоҳ, ҳуҷраҳои хизматӣ, бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хобгоҳ барои аъзои ансамбли «Зебо», толори машқи рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва толори маҷлисиву консерти барои 380 ҷой сохта хоҳад шуд.
Сохтмони иншооти мазкур бо арзиши беш аз 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва соҳибкорон ба субут расонида шуда, дар сохтмони он соҳибкори инфиродӣ Замира Иброҳимова, ширкатҳои «Ветсервис» ва «Нанотех» саҳм мегузоранд.
Раиси вилоят кормандони сабти ҳолати шаҳрвандӣ ва аъзои ансамли «Зебо» – ро, ки дар он 110 нафар наврасону кӯдакон аз ҳисоби писарону духтарон фаъолият мебаранд, бо ин рӯйдоди муҳим таҳният гуфта, таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои созандагӣ маҳз ба туфайли Истиқлолият, ваҳдату ҳамдилии мардуми кишвар ва сиёсати ояндабини сарвари давлат амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон бо иштироки Раиси вилоят дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.
Манзили истиқоматӣ 9 ошёна буда, аз 5 қисм ва 140 ҳуҷраи як, ду ва сеошёна иборат хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи кулли шаҳр дар ин мавзеъ бунёди 5 чунин бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ дар назар дошта шудааст. Хонаи истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбини шуда, барои сохтмони он 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети равона мегардад. Дар хонаи нави истиқоматӣ 160 оила метавонанд соҳиби ҷои зист шаванд.



