Бино ба маълумоти сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба як силсила ғоратгариҳо гумонбар дониста мешавад, дар ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав боздошт шудааст.
«Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД Русия дар ноҳияи Дмитрово дар наздикии деҳаи Дятлино зодаи 24-солаи Тоҷикитстонро, ки қаблан маҳкум шудааст, ба гумони даст доштан дар содир намудани як силсила амалҳои ғоратгарона боздошт карданд», – гуфта мешавад дар
маълумот
.
Қайд шудааст, ки боздоштшуда шомгоҳон тариқи зӯроварӣ маснӯоти заргариву ҷавоҳирот ва маблағҳои пулии занонро кашида мегирифтааст. Дар ду ҳолати амалҳои ба ин монанди ғайриқонунӣ даст доштани боздоштшуда исбот гардидааст. Зиёни моддии расонидашуда беш аз 30 ҳазор рубл арзёбӣ шудааст.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 161-и Кодекси ҷиноии Русия (амали ғоратгаронаи содиршуда бо истифода аз зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатӣ зараровар нестанд) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда муҳлати то 7 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.



