Тоҷики боздоштшуда дар Екатеринбургро ҷангии «Толибон» гумонбар медонанд



Дар шаҳри Екатеринбурги Русия кормандони пулис ва Хадамоти федералии амният шаҳрванди Тоҷикистонрол боздошт карданд, ки ба гумони иштирок дар иттиҳодияҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, кормандони мақомот Аслиддин Нурови 28-соларо дар яке аз хонаҳои воқеъ дар кӯчаи Вилгелм де Генин боздошт намудаанд, ки ӯ ин хонаро ба иҷора гирифта будааст. Дар Тоҷикистон ӯ ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 187-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Иштирок дар иттиҳодияҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ) айбдор карда мешавад.

Тибқи маълумоти фаврӣ, давоми солҳои 2005-2008 А.Нуров зимни таҳсил дар муассисаи динии «Махзан-у-Улум» дар Эрон меъёрҳои исломро азхуд намудааст.

«Соли 2009 дар шаҳри Пешовари Покистон гумонбаршуда малакаву маҳорати ҷангии якҳарбаи шарқиро омӯхта, аз соли 2010 дар амалиёти ҷангӣ дар сафҳои созмони байнулмилалии террористии «Толибон» дар марзи Афғонистону Покистон иштирок кардааст», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, аз манзили боздоштшуда кормандони сохторҳои қудратӣ ҳудуди 10 китоб бо забони хориҷиро дарёфт намуда, кормандони маркази муқовимат бо ифротгароӣ ва Хадамоти федералии амният мазмуну мундариҷаи онро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон боздоштшуда дар ҳабс буда, масъалаи истирдоди ӯ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное