Гумонбарии афсари пойгоҳи низомии Русия ба қатли зани тоҷик



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, сарлейтенант Иван Шербаковро ба қатли зани тоҷик Шоира Ҷабборова гумонбар медонанд.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, афсари пойгоҳ рӯзи 9 ноябр боздошт ва нисбати ӯ аз ҷониби мақомоти тафтишоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҷониби Русия аллакай ин парвандаро махфӣ унвон карда, дар пойгоҳи низомӣ ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.

Як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ иттилоъ додааст, ки зан ҳанӯз шаби 5 ноябр бо сабабҳои алҳол номаълум дар қаламрави пойгоҳи 201-ум, саҳеҳтараш дар хобгоҳ барои афсарон кушта шудааст.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ И.Шербаков изҳор доштааст, ки аз ин ҳодиса чизеро дар хотир надорад, зеро хеле сархушу дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Аз қавли наздикони Шоира Ҷабборова

Радиои Озодӣ

менависад, Иван Шербаков – афсари пойгоҳи 201-уми Русия баъди бадрафторӣ бо ин сокини 22-солаи Душанбе ҷасадашро дар қуттии ахлот ё мусор партофтааст. 

spot_imgspot_img

Популярное