Тафтиши парвандаҳои фоҳишагарӣ ба дӯши мақомоти милиса ва судҳо вогузор шуд



Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз дар иҷлосия тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дастгирӣ намуд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки мутобиқи тағйироту иловаи мазкур, минбаъд тафтишу таҳқиқи парвандаҳои маъмурӣ нисбати фоҳишагарӣ танҳо ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти судӣ вогузор мегардад. «Қаблан ба ин кор дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуртура низ ҳуқуқ дошт», – қайд кард номбурда.

Б.Худоёрзода хотирррасон намуд, ки мубориза бо фоҳишагарӣ дар ҷумҳурӣ пурзӯр карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, нимаи моҳи октябр палатаи поёнии парлумон масъулият барои машғул шудан ба фоҳишагариро шадид кард.

«Агар то ин замон дар ҷумҳурӣ барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ танҳо ҷазои ҷаримабандӣ аз 400 то 800 сомонӣ пешбинӣ гардида буд, акнун ҳаҷми ин ҷаримаҳо аз 800 то 1,6 ҳазор сомонӣ мерасад ва ҳамчунин ҷазо дар шакли ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз низ пешбинӣ шудааст», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар ҷараёни рейди серӯзаи кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар Душанбе 505 нафар фоҳишаҳо ошкор гардида буданд, ки 450 нафари онҳо ба бемориҳои тариқи алоқи ҷинсӣ гузаранда гирифтор буданд. Пас аз ин рейд кӯчаҳои пойтахт аз фоҳишаҳо қариб холӣ шуда, аммо бо гузашти ду-се моҳ онҳо боз дар кӯчаҳои Душанбе пайдо шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное