Тафтиши парвандаҳои фоҳишагарӣ ба дӯши мақомоти милиса ва судҳо вогузор шуд

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз дар иҷлосия тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дастгирӣ намуд. Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки мутобиқи тағйироту иловаи мазкур, минбаъд тафтишу таҳқиқи парвандаҳои маъмурӣ нисбати фоҳишагарӣ танҳо ба дӯши Вазорати […]



Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз дар иҷлосия тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дастгирӣ намуд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки мутобиқи тағйироту иловаи мазкур, минбаъд тафтишу таҳқиқи парвандаҳои маъмурӣ нисбати фоҳишагарӣ танҳо ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти судӣ вогузор мегардад. «Қаблан ба ин кор дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуртура низ ҳуқуқ дошт», – қайд кард номбурда.

Б.Худоёрзода хотирррасон намуд, ки мубориза бо фоҳишагарӣ дар ҷумҳурӣ пурзӯр карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, нимаи моҳи октябр палатаи поёнии парлумон масъулият барои машғул шудан ба фоҳишагариро шадид кард.

«Агар то ин замон дар ҷумҳурӣ барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ танҳо ҷазои ҷаримабандӣ аз 400 то 800 сомонӣ пешбинӣ гардида буд, акнун ҳаҷми ин ҷаримаҳо аз 800 то 1,6 ҳазор сомонӣ мерасад ва ҳамчунин ҷазо дар шакли ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз низ пешбинӣ шудааст», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар ҷараёни рейди серӯзаи кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар Душанбе 505 нафар фоҳишаҳо ошкор гардида буданд, ки 450 нафари онҳо ба бемориҳои тариқи алоқи ҷинсӣ гузаранда гирифтор буданд. Пас аз ин рейд кӯчаҳои пойтахт аз фоҳишаҳо қариб холӣ шуда, аммо бо гузашти ду-се моҳ онҳо боз дар кӯчаҳои Душанбе пайдо шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.