Ҷонибдории Маҷлиси миллӣ аз тағйироту иловаҳо ба 29 қонун

Сарфи назар аз кор накардани низоми электронии раъйдиҳӣ, аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба 29 қонун ҷонибдорӣ намуданд. Аъзои Маҷлиси миллӣ имрӯз тариқи маъмулии даст бардоштан ба «тарафдорӣ» ё «мухолиф будан» ба тағйироту иловаҳо овоз доданд. Барои ҳисобкунии овозҳо гурӯҳи махсус таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, дар […]

Аваз Юлдошев



Сарфи назар аз кор накардани низоми электронии раъйдиҳӣ, аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба 29 қонун ҷонибдорӣ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ имрӯз тариқи маъмулии даст бардоштан ба «тарафдорӣ» ё «мухолиф будан» ба тағйироту иловаҳо овоз доданд. Барои ҳисобкунии овозҳо гурӯҳи махсус таъсис дода шуд.

Ҳамин тариқ, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул шуморида шуданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки мутобиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд дар муассисаҳои ислоҳӣ маҳбусони гирифтор ба бемории силро маҷбуран табобат ва хӯрок медиҳанд.

Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар муассисаҳои ислоҳӣ далелҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки маҳкумшудагон аз табобат ва қабули ғизои махсус даст кашидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.