Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро бинобар сабаби анҷоми ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, фаъолияти дипломати Чин дар давраи сафириашро Маҳмадсаид Убайдуллоев муваффақ арзёбӣ намуда, барои саҳмаш дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаи ҳамсоякишварҳо дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ ба ӯ миннатдорӣ изҳор намуд.
Дар навбати худ Фан Сянжун изҳор дошт, ки минбаъд низ ба таҳкими ҳамкориҳо ва муносибатҳои ҳамҷаворӣ миёни Пекин ва Душанбе бидуни дар куҷо қарор доштану дар кадом мансаб будан мусоидат хоҳад кард.



