Хоҳари тоҷики дар Внуково фавтида аз бемории рӯҳӣ доштани ӯ хабар дод

Наздикони шаҳрванди Тоҷикистон Хуршед Отанбекови 26-сола, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ҳалок шуд, мегӯянд, ӯ ба маризии рӯҳӣ гирифтор будааст. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират ва Хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия бо хоҳари ҳалокшуда – Шукрона Отанбекова дар тамос шудааст, ки […]

Аваз Юлдошев



Наздикони шаҳрванди Тоҷикистон Хуршед Отанбекови 26-сола, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ҳалок шуд, мегӯянд, ӯ ба маризии рӯҳӣ гирифтор будааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират ва Хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия бо хоҳари ҳалокшуда – Шукрона Отанбекова дар тамос шудааст, ки ҳамроҳи ӯ дар Максав мезистааст.

Сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» гуфт, зимни суҳбат Ш.Отанбекова аз вазъи нохуби солимии бародараш вобаста ба касалии рӯҳӣ, воҳимаву ҳароси ӯ иттилоъ додааст.

Ба қавли ӯ, бинобар сабаби бад шудани вазъи солимиаш, Хуршед рӯзи 11 ноябр бояд аз фурудгоҳи Домодедово ба ватан парвоз мекард. Шаби пеш аз парвоз ногаҳон дарди ӯ хурӯҷ карда, зери назорати хоҳараш қарор доштааст. Субҳи барвақт баъди каме беҳбуд ёфтани вазъи солимиаш, Хуршед ба самти номаълум аз хона баромадааст.

Ба тахмини хоҳараш, ӯ ба фурудгоҳи Домодедово раҳсипор гардидааст. Чӣ гуна ӯ дар фурудгоҳи Внуково пайдо шуда, бо кадом сабаб ин ҳодисаи фоҷеабор рух додааст, ба хоҳараш чизе маълум нест.

Ба иттилои Иброҳим Аҳмадов, дарҳол баъди рух додани ҳодиса кормандони намояндагӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, бо кормандони Раёсати минтақавии тафтишот дар нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав суҳбат кардаанд. Зимни суҳбат иттилоъ дода шудааст, ки Кумитаи тафтишоти Русия санҷиши пеш аз тафтишотӣ оид ба марги шаҳрванди Тоҷикистонро оғоз карда, айни замон барои муайян кардани тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса як қатор чорабиниҳои зарурии санҷишӣ гузаронида мешаванд.

Санҷиш аз ҷониби мақомоти тафтишоти Раёсати минтақавии тафтишот дар нақлиёти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав гузаронида мешавад.

Иброҳим Аҳмадов ҳамчунин изҳор намуд, ки ҷиҳати мусоидат ба интиқоли ҷасади шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон ба ватан, аз ҷониби намояндагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 11 ноябр

пас аз худро аз зина (эстакада)-и ҳафтметра ба поён афкандан

дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав, як шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.