Боздиди хотимавии сафири Чин аз парлумони Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро бинобар сабаби анҷоми ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, фаъолияти дипломати Чин дар давраи сафириашро Маҳмадсаид Убайдуллоев муваффақ арзёбӣ намуда, барои саҳмаш дар таҳкими робитаҳои […]

ASIA-Plus



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро бинобар сабаби анҷоми ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, фаъолияти дипломати Чин дар давраи сафириашро Маҳмадсаид Убайдуллоев муваффақ арзёбӣ намуда, барои саҳмаш дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаи ҳамсоякишварҳо дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ ба ӯ миннатдорӣ изҳор намуд.

Дар навбати худ Фан Сянжун изҳор дошт, ки минбаъд низ ба таҳкими ҳамкориҳо ва муносибатҳои ҳамҷаворӣ миёни Пекин ва Душанбе бидуни дар куҷо қарор доштану дар кадом мансаб будан мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.