Ғалабаи бузурги мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо дастаи Бангладеш

Дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар гурӯҳи «В» мунтахаби футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ғалаба ба даст овард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар ин вохӯрӣ ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон Мануҷеҳр Ҷалилов 4 тӯб ва 1 голи дигарро аз зарбаи11-метра Аҳтам […]

ASIA-Plus



Дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар гурӯҳи «В» мунтахаби футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ғалаба ба даст овард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар ин вохӯрӣ ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон Мануҷеҳр Ҷалилов 4 тӯб ва 1 голи дигарро аз зарбаи11-метра Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дар вохӯрии дуюми ин гурӯҳ Австралия дар майдони худ тими Қирғизистонро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В» бо 13 имтиёз (аз 5 бозӣ) дастаи Урдун пешсафи ҷадвал буда, зинаи дуюмро бо 12 имтиёз (аз 5 бозӣ) ғолиби Ҷоми Осиё-2015 – футболбозони Австралия ишғол мекунанд.

Дастаи Қирғизистон бо 8 хол, дар зинаи сеюм, Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар мақоми 4-ум ва Бангладеш бо 1 хол дар зинаи охири ҷадвал қарор доранд.

Вохӯриҳои навбатӣ дар ин гурӯҳ рӯзи 17 ноябр доир гардида, Қирғизистон дар майдони худ бо дастаи Урдун ва Бангладеш низ дар майдони худ бо тими мунтахаби Австалия рақобат мекунанд.

Ду бозии боқимондаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин гурӯҳ соли оянда баргузор шуда, санаи 24 март футболбозони тоҷик дар меҳмонӣ бо тими Австралия бозӣ карда, сипас рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо дастаи Қирғизистонро рақобат мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.