Модари Умаралии фавтидаро муддати 15 рӯз аз Русия хориҷ мекунанд

Суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад кард. Дар ин бора нашрияи «Фонтанка»  иттилоъ медиҳад. Сарфи назар аз далелу ваҷҳҳои сершумори овардаи чор нафар ҳимоятгарони Заррина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров, судяи суди ноҳияи Октябрскии шаҳри Санкт-Петербург Елена Широкова барои бекор […]

ASIA-Plus



Суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад кард. Дар ин бора нашрияи


«Фонтанка» 


иттилоъ медиҳад.

Сарфи назар аз далелу ваҷҳҳои сершумори овардаи чор нафар ҳимоятгарони Заррина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров, судяи суди ноҳияи Октябрскии шаҳри Санкт-Петербург Елена Широкова барои бекор кардани қарори зинаи поёнӣ ҳеҷ асосе наёфт. Ӯ далели ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштани Юнусоваро эътимодбахш арзёбӣ намуда, аз қаламрави кишвар хориҷ кардани ӯро дуруст шуморид.

Ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳатто ишора ба он, ки ӯ дар парвандаи ҷиноӣ оид ба марги писараш ҷабрдида дониста шудааст, кумак накард. Қарори хориҷ шудани ӯ мавриди амал қарор гирифта, дар муддати 15 рӯз Юнусова бояд қаламрави Русияро тарк намояд. Аз болои ин қарор ӯ ба раиси суди шаҳр Епифанова шикоят бурда метавонад, вале ин ҳуқуқ низ ба ӯ имкони дар қаламрави Русия қарор доштанашро кафолат дода наметавонад.

Қаблан пайвандони Умаралии панҷмоҳа изҳор доштанд, ки 

зери фишори муфаттишон қарор доранд

. Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки муфаттишон ба оилаи онҳо фишор оварда, ба расонаҳо иттилое паҳн карда истодаанд, гӯё дар марги тифламон худи мо гунаҳкор бошем. Ҳатто эҳтимол дорад, ки онҳоро ба куштани тифл муттаҳам мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назаров ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.