Бегоҳии рӯзи 12 ноябр дар Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот анҷом дода, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқоти хоса Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ҳавасмандии амиқи Покистонро ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Покистон дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо ҳамкории зичу пурсамар муносибатҳои худро ба сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб барорем”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба, инчунин рушду таҳкими равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии ҳамкории хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад”.
Робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ду ҷониб омили муҳим барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, дифоъ, амният ва фарҳангу маориф арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки он баҳри таҳкиму тавсиаи ҳамкорӣ имкониятҳои фарох муҳайё месозад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки рушди босуботи иқтисодиёти Покистон барои мо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Тавассути қаламрави ин кишвар Тоҷикистон метавонад ба наздиктарин бандарҳои баҳрии он – Қарочию Гвадар роҳ ёбад.
Вобаста ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон тайи солҳои охир, зикр гардид, ки бояд дар давоми се соли оянда ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то ба 500 миллион доллари амрикоӣ афзоиш дода шавад”.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории пурсамари ду кишвар баҳри истифодаи самараноки анборҳои бандари Гвадар ва минтақаи озодии иқтисодии Панҷ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизм, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба нафъи кишварҳои минтақа гуфтугуйи судманд сурат гирифт.
Ҳамин рӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Имрӯз соҳаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон рӯ ба афзоиш доранд. Мо аз сатҳи ҳамкории миёнипарлумонии кишварҳоямон низ қаноатмандем. Мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои миёнипарлумонии ду кишвар ва иштироки онҳо дар кори конфронсу ҷаласаҳои ҳамдигар ба табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат хоҳад кард”.
Зикр гардид, ки ба наздикӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориро бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дод.
Раиси ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бахусус равобити миёни парлумонҳои ду кишвар бо итминон изҳор дошт, ки ин гурӯҳ метавонад барои ба сатҳи нав бардоштани ҳамкории миёнипарлумонӣ нақши муҳим дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни эътирофи зарурати ҳамкории байналмилалии парлумонҳои кишварҳои минтақа пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё ҷонибдорӣ менамояд. Татбиқи ин иқдом дар раванди табодули таҷрибаи пешрафта нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла муноқишаҳои низомӣ дар Афғонистон, ки барои амнияти кишварҳои минтақа мушкилоти нав ба нав эҷод менамояд, мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, таҳдиди гурӯҳи бо ном Давлати исломӣ барои башарият ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.



