М.Убайдуллоев аз сенаторҳои Русия мусоидат ба тафтиши марги Умаралиро дархост кард

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр ҳайати Шӯрои Федератсияи Русия таҳти сарварии муовини раиси Шӯрои Федератсияи ин кишвар Евгений Бушминро, ки инчунин ҳамраиси Комиссия оид ба ҳамкории байнипарлумонии Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии ҶТ аст, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони […]

Аваз Юлдошев



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев нимаи дуюми рӯзи 12 ноябр ҳайати Шӯрои Федератсияи Русия таҳти сарварии муовини раиси Шӯрои Федератсияи ин кишвар Евгений Бушминро, ки инчунин ҳамраиси Комиссия оид ба ҳамкории байнипарлумонии Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии ҶТ аст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот М.Убайдуллоев рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳоро муҳим хонда, изҳор дошт, ки онҳо ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия мусоидат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба баргузории Форуми навбатии байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия: энергияи ҳамкории минтақавӣ» соли 2016 дар шаҳри Душанбе омодагӣ изҳор намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки М.Убайдуллоев аз вакилони парлумони Русия даъват ба амал овардааст, ки дар тафтиши марги шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург «дар доираи эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ» мусоидат намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.