Унвони фахрии Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон ба Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусайн дар қароргоҳи Президенти Покистон дар ҳузури аҳли илму фарҳанг, роҳбарияти Донишгоҳи Қоиди Аъзам ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Покистон дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” – и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти […]

ASIA-Plus



Пас аз мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусайн дар қароргоҳи Президенти Покистон дар ҳузури аҳли илму фарҳанг, роҳбарияти Донишгоҳи Қоиди Аъзам ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Покистон дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” – и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти срвари давлат, дар қарори Шӯрои академии донишгоҳ омадааст – “Бо назардошти талошҳои бузург, пешбурди ҳусни тафоҳуми байни тамаддунҳо, ҳамзистии динҳо, таҳаммулпазирӣ, озодӣ, демократия ва ҳуқуқи башар, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, таҷассум ёфтаанд, Донишгоҳи Қоиди Аъзами Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти нодир ва арзанда, бо камоли майл ва ифтихормандӣ аз номи муассисаи илмию таълимӣ ва олимони олиқадр бо унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” сарфароз менамояд”.     

Шаҳодатномаи унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Покистон, ҳамзамон Ректори Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон Мамнун Ҳусайн дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Баъди маросими супоридани унвони ифтихорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, бо арзи сипосу миннатдорӣ изҳор дошт: “Мо аз нақши бузурги муассиси Покистони навин, яке аз шахсиятҳои бузурги ҳаракати милливу озодихоҳии нимҷазираи Ҳинд Муҳаммад Алӣ Ҷиннаҳ хуб иттилоъ дорем ва барои ман боз ҳам мояи ифтихор аст, ки ин унвонро донишгоҳе, ки номи Қойиди Аъзамро дорад, ба ин ҷониб эҳдо менамояд”.

Дар идомаи сухан ҳамчунин зикр гардид: “Нақши назарраси донишгоҳи шумо дар омодасозии кадрҳои бахшҳои мухталиф барои Покистон ва рушди устувори он барои ҳамаи мо равшану возеҳ аст”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: “Решаҳои муштараки фарҳангию таърихӣ ва наздикии забонҳои тоҷикию урду барои мардумони мо имкон медиҳанд аз арзишҳои фарҳангии ҳамдигар баҳраманд бошанд”.

Таъкид гардид, ки мо бояд иқтидори фарҳангу тамаддуни миллатҳои худро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу ободи халқҳои Осиёро барпо намоем.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.