Пойгоҳи лижаронии «Сафедорак» хусусӣ мешавад

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон оид ба фурӯши пойгоҳи лижаронӣ ва маҷмааи фароғатии «Сафедорак» тендери кушод эълон кард. Ин маҷмааи нодир ва ягона дар Тоҷикистон тақрибан дар 70 километрии Душанбе, дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб воқеъ аст. Аз Кумитаи мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки феълан ин маҷмаа дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон оид ба фурӯши пойгоҳи лижаронӣ ва маҷмааи фароғатии «Сафедорак» тендери кушод эълон кард. Ин маҷмааи нодир ва ягона дар Тоҷикистон тақрибан дар 70 километрии Душанбе, дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб воқеъ аст.

Аз Кумитаи мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки феълан ин маҷмаа дар тавозуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ қарор дошта, нархи аввалияи фурӯши он 1 млн. 920 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 290 ҳазор доллари ИМА бо қурби ҳозира)-ро ташкил медиҳад.

Тендери фурӯши иншоот дар ду марҳила гузаронида мешавад. То санаи 7 декабр хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худ барои иштирок дар тендерр пешниҳод намоянд.

Барои иштирок дар тендер пардохти боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 14 ҳазор сомонӣ зарур буда, дар ҳамин ҳол, хоҳишмадони иштирок дар он бояд ҳуҷҷатҳо дар бораи вуҷуд доштани сармоя дар ҳаҷми на камтар аз 50% аз арзиши аввалияи маҷмааи «Сафедорак»-ро пешниҳод кунанд.

Натиҷаҳои марҳилаи тендери дусатҳа санаи 14 декабри соли равон эълон шуда, мутобиқи шартҳои он, ғолиби тендер шахси воқеъӣ ё ҳуқуқие эътироф хоҳад шуд, ки маблағи умумии пешниҳоди молиявӣ ва техникиаш бештар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки қарори ба дасти шахси хусусӣ супудани ин маҷмаа ба таъмиру азнавсозии заминаи моддиву техникӣ ва ҳамчунин дар маҷмӯъ ба беҳбуди шароит дар ин пойгоҳ вобаста аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.