Муъминобод: Ҳалокати бародарон аз таркиши баллони гази моеъ

Бар асари таркиши баллони гази моеъ дар деҳаи Шулулуи ҷамоати Балхободи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ду нафар бародарон – Ҷамшед Назарови 39-сола ва Қурбон Назарови 32-сола ба ҳалокат расиданд. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов ба «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ дод, ки ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 12 ноябр дар ҳавлии манзиди […]

ASIA-Plus



Бар асари таркиши баллони гази моеъ дар деҳаи Шулулуи ҷамоати Балхободи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ду нафар бародарон – Ҷамшед Назарови 39-сола ва Қурбон Назарови 32-сола ба ҳалокат расиданд.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов ба «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ дод, ки ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 12 ноябр дар ҳавлии манзиди ҳалокшудагон рух додааст.

«Бародарон ба таъмири трактори навъи Т-40 машғул будаанд. Мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонанд, ки онҳо қоидаҳои бехатарии техникиро риоя накардаанд», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан Ҷалолиддин Садриддинов маълумоти чанде аз васоити ахбори умум дар бораи бар асари таркиши тир ҳалок шудани бародаронро, ки гӯё дар дохили трактори худ нигоҳ медоштаанд, рад кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.