Модари Умаралии фавтидаро муддати 15 рӯз аз Русия хориҷ мекунанд



Суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад кард. Дар ин бора нашрияи


«Фонтанка» 


иттилоъ медиҳад.

Сарфи назар аз далелу ваҷҳҳои сершумори овардаи чор нафар ҳимоятгарони Заррина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров, судяи суди ноҳияи Октябрскии шаҳри Санкт-Петербург Елена Широкова барои бекор кардани қарори зинаи поёнӣ ҳеҷ асосе наёфт. Ӯ далели ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштани Юнусоваро эътимодбахш арзёбӣ намуда, аз қаламрави кишвар хориҷ кардани ӯро дуруст шуморид.

Ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳатто ишора ба он, ки ӯ дар парвандаи ҷиноӣ оид ба марги писараш ҷабрдида дониста шудааст, кумак накард. Қарори хориҷ шудани ӯ мавриди амал қарор гирифта, дар муддати 15 рӯз Юнусова бояд қаламрави Русияро тарк намояд. Аз болои ин қарор ӯ ба раиси суди шаҳр Епифанова шикоят бурда метавонад, вале ин ҳуқуқ низ ба ӯ имкони дар қаламрави Русия қарор доштанашро кафолат дода наметавонад.

Қаблан пайвандони Умаралии панҷмоҳа изҳор доштанд, ки 

зери фишори муфаттишон қарор доранд

. Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки муфаттишон ба оилаи онҳо фишор оварда, ба расонаҳо иттилое паҳн карда истодаанд, гӯё дар марги тифламон худи мо гунаҳкор бошем. Ҳатто эҳтимол дорад, ки онҳоро ба куштани тифл муттаҳам мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назаров ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид.

spot_imgspot_img

Популярное