Муъминобод: Ҳалокати бародарон аз таркиши баллони гази моеъ



Бар асари таркиши баллони гази моеъ дар деҳаи Шулулуи ҷамоати Балхободи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ду нафар бародарон – Ҷамшед Назарови 39-сола ва Қурбон Назарови 32-сола ба ҳалокат расиданд.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов ба «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ дод, ки ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 12 ноябр дар ҳавлии манзиди ҳалокшудагон рух додааст.

«Бародарон ба таъмири трактори навъи Т-40 машғул будаанд. Мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонанд, ки онҳо қоидаҳои бехатарии техникиро риоя накардаанд», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан Ҷалолиддин Садриддинов маълумоти чанде аз васоити ахбори умум дар бораи бар асари таркиши тир ҳалок шудани бародаронро, ки гӯё дар дохили трактори худ нигоҳ медоштаанд, рад кард. 

spot_imgspot_img

Популярное