Иван Шербаков барои ташхиси рӯҳӣ ба Русия фиристода шуд



Иван Шербаков , афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли зани 22-солаи тоҷик Шоира Ҷобирова гумонбар дониста мешавад, барои ташхис ба шаҳри Екатеринбург бурда шудааст.

Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия рӯзи 16 ноябр ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, “дар он ҷо Шербаковро ташхис мекунанд, ки воқеан гирифтори бемории рӯҳӣ аст, ё не”.

Ин манбаъ афзудааст, Иван Шербаков рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ тариқи хатти сайри Душанбе-Екатерингбург ҳамроҳи намояндагони тафтишоти парвандаи ӯ ба Русия рафтааст. Вай баъд аз ташхиси вазъи рӯҳияш боз барои идомаи тафтишот ба Душанбе оварда хоҳад шуд. Аммо маълум нест, ташхиси Шербаков дар бемористони ҳарбии Екатеринбург чӣ қадар идома мекунад.

Тавре мусоҳиби хабаргузорӣ гуфтааст, ташхиси вазъи рӯҳии Иван Шербаков дар ҳоле ба миён омадааст, ки эҳтимоли равобити ҷинсии ӯ бо Шоира Ҷобирова ва, ҳамин тавр, хабари баъзе аз расонаҳо дар бораи гӯё рашки ӯ нисбат ба ин зани 22-солаи тоҷик таъйид нашудааст.

“Дар ибтидо миёни онҳо барои пардохти маблағ баҳс сурат мегирад ва дар натиҷа Шербаков ӯро зарбаи сахт зада маҷрӯҳ мекунад. Баъдан ба хотири он ки Шоира шикоят набарад, ӯро кушта ҷасадашро дар дохили қуттии коғазӣ андохта, дар партовгоҳ мепартояд,” — афзудааст манбаъ.

Бо назардошти чунин ҳолатҳо мақомоти тафтишотӣ зарур шуморидаанд, ки Иван Шербаков ташхиси рӯҳӣ карда шавад.

Ахири ҳафтаи гузашта

иттилоъ дода шуд,

ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд.

Ҳамчунин қабулна зикр гардида буд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки 

ба қатли як зани тоҷик

 Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад, 

ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и

 №1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишт – 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора қаблан 

Радиои Озодӣ

 бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное