Қонунӣ шудани маҳдудият ба дастрасии алоқаи электронӣ дар вақти зарурӣ

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро, ки бо сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст, таҳия ва ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод намуд. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро, ки бо сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст, таҳия ва ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод намуд.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба алоқаи электронӣ дар минтақаҳои баргузор намудани амалиёти зиддитеррористӣ ҳуқуқ пайдо мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки дар вақти зарурӣ (соати икс) маҳдудияти дастрасӣ ба алоқаи электронӣ – интернет, алоқаи мобилӣ ва ғайра метавонад натанҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, балки дар сурати зарурат дар саросари кишвар ҷорӣ карда шавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан зимни баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар водии Рашт (август-сентябри соли 2010) ва ВМКБ (июл-августи соли 2012) ҳукумати Тоҷикистон бидуни шарҳи сабаб алоқаи электронии ин минтақаҳо бо саросари ҷаҳонро маҳдуд намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.