Ҳалокати 4 нафар бар асари ба ҷарии 300-метра сарозер рафтани автомашина

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе -Чанок 4 нафар ба ҳалокат расиданд, ки як тан аз онҳо ноболиғ мебошад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  рӯзи 15 ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чанок аз сабаби боришоти зиёди барфу борон аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба автомашинаи тамғаи […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе -Чанок 4 нафар ба ҳалокат расиданд, ки як тан аз онҳо ноболиғ мебошад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  рӯзи 15 ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Чанок аз сабаби боришоти зиёди барфу борон аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, таҳти идораи марди 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдаааст, ки дар натиҷа автомашина ба ҷуқурии 300 метр чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодиса ронандаи автомашина ва мусофирони он: марди 68-сола, зани 58-сола ва духтарчаи 6-солаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки духтарчаи 2-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.