Кормандони милитсия рӯзи 16 ноябр сокини 18-солаи пойтахтро ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт намуданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки аввалҳои моҳи октябри соли ҷорӣ ҷавоне бо номи Ф. тавассути интернет бо зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе шинос шуда, худро ҳамчун маҳсгар муаррифӣ намудааст.
Гуфта мешавад, номбурда занро ба манзили истиқоматиаш даъват карда, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намуда, ҳаракатҳои шаҳвониашонро ба навор гирифтааст ва баъдан бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди паҳн намудани навори мазкур аз зан маблағи 1400-доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 18-солаи истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии пойтахт дар вақти гирифтани маблағ дастгир ва нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



