Ҳамдардии вазири корҳои хориҷӣ ба мардуми Фаронса



Рӯзи 17 ноябри соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов аз сафорати Фаронса дар Тоҷикистон боздид намуда, дар китоби тасаллият ҳамдардии худро ба мардуми Фаронса дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Париж рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ сабт намуд.

Дар маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки Сироҷиддин Аслов зимни суҳбат бо сафири Фаронса Дидйе Леруа ба ҳамаи кормандони сафорат ва мардуми дӯсти Фаронса ҳамдилӣ ва ҳамдардии самимиро изҳор намуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари содир шудани амалҳои террористӣ рӯзи 13 ноябр дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж 128 нафар ба ҳалокат расиданд Дар шаҳри Париж реҷаи соати комендантӣ ҷорӣ шудаааст. Ба гуфтаи президенти Фаронса Франсуа Олланд, дар содир шудани ин силсила амалҳои террористӣ  ҷангиёни созмони ифротгрои ба истилоҳ Давлати исломӣ даст доранд.

spot_imgspot_img

Популярное