Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз ба Бишкек раҳсипор шуд. Дар он ҷо пагоҳ ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишврҳо доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз котиботи ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.
Қобили зикр аст, ки ин ҷо сари таъйин ва аломатгузории беш аз 400 километри марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон сухан меравад.
Дар назар аст, ки ҷониби Қирғизистонро дар ин ҷаласа муовини аввали нахуствазири ин кишвар Ааали Карашев роҳбарӣ хоҳад кард.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон 978 километрро ташкил медиҳад. Дар 530 километри ин марз корҳои таъйину аломатгузорӣ ба итмом расида, 449 километр қитъаи баҳсноки марз тариқи маҳаллаҳои сераҳолии вилояти Суғд тӯл мекашад.
Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки марз бо назардошти ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 муайян карда шавад. Аммо Қирғизистон ба ин розӣ набуда, дар навбати худ пешниҳод дорад, ки маводи комиссияи баробарҳуқуқ аз соли 1958 ба инобат гирифта шавад.
Ҳамин тариқ, ҷонибҳо дар ин масъала ба созиш расида натавониста, то ҳол гуфтушунидҳо дар ин самт идома доранд.





