Тақвияти тадбирҳои амниятии парвози ҳавопаймоҳои Русия ба Тоҷикистон

Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия (Росавиатсия) маҷмӯи тадбирҳои амниятӣ оид ба пешгирии амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи ин кишварро таҳия мекунад. Ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамлу нақли Русия тавсия дода шудааст, ки ба тадбирҳои амниятиашон зимни парвози ҳавопаймоҳо ба 47 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон тақвият […]



Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия (Росавиатсия) маҷмӯи тадбирҳои амниятӣ оид ба пешгирии амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи ин кишварро таҳия мекунад. Ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамлу нақли Русия тавсия дода шудааст, ки ба тадбирҳои амниятиашон зимни парвози ҳавопаймоҳо ба 47 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон тақвият бахшанд.

«Бо назардошту хавфу хатарҳои ҷойдошта аз ҷониби созмонҳои ифротгаро, Росавиатсия дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти федералии ҳокимияти иҷроия маҷмӯи тадбирҳои амниятиеро таҳия мекунад, ки ба пешгирии амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи ин кишвар нигаронида шудаанд», – қайд мешавад дар

иттилоияи матбуотии

  Росавиатсия.

Гуфта мешавад, дар шароити мавҷуда ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд ба роҳандозии фаъолияти иловагӣ дар робита ба андешидани маҷмӯи тадбирҳои иловагии ҳифзи мусофирон ва зербино омода бошанд.

Дар ҳамин ҳол, Росавиатсия зикр мекунад, ки тақвияти тадбирҳои амнияти муваққатӣ буда, вале қабули таъҷилӣ ва роҳандозии онҳо бояд ба амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба шаҳрвандони Русия дар фурудгоҳҳо ва дохили ҳавопаймоҳо дар муносибат бо онҳо монеъа эҷод намояд.

Хабаргузории

«Интерфакс»

дар ин робита менависад, роҳандозии тадбирҳои амниятии иловагӣ зимни парвоз ва бозгашт аз кишварҳои зерин тавсия дода шудааст: Австрия, Алҷазоир, Албания, Озарбойҷон, Афғонистон, Бангладеш, Булғористон, Британияи Кабир, Олмон, Юнон, Миср, Индонезия, Испания, Италия, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кипр, Кувайт, Либия, Лубнон, Марокаш, Малайзия, Македония, Молдова, Мянма, АМА, Покистон, Португалия, Руминия, Арабистони Саудӣ, Сурия, ИМА, Судон, Таиланд, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Тунис, Фаронса, Филиппин, Черногория, Уганда, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки парвозҳоро бо захираи зарурии маводи ғизойӣ ва оби нӯшокӣ дар дохили ҳавопаймо анҷом диҳанд.

Қобили зикр аст, ки Хадамоти федералии амнияти Русия сабаби суқути ҳавопаймои А321 дар Мисрро, ки бар асари он 224 нафар ба ҳалокат расиданд,

амали террористӣ

унвон кард, зеро дар пораҳои афтодаи ҳавопаймо осори маводи таркандаи истеҳсоли хориҷӣ дарёфт шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.