Сафари Азим Иброҳим ба Бишкек барои гуфтушунид оид ба масоили марзӣ

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз ба Бишкек раҳсипор шуд. Дар он ҷо пагоҳ ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишврҳо доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз котиботи ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. Қобили зикр аст, ки ин ҷо сари таъйин ва аломатгузории беш аз 400 километри […]



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз ба Бишкек раҳсипор шуд. Дар он ҷо пагоҳ ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишврҳо доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз котиботи ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки ин ҷо сари таъйин ва аломатгузории беш аз 400 километри марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон сухан меравад.

Дар назар аст, ки ҷониби Қирғизистонро дар ин ҷаласа муовини аввали нахуствазири ин кишвар Ааали Карашев роҳбарӣ хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон 978 километрро ташкил медиҳад. Дар 530 километри ин марз корҳои таъйину аломатгузорӣ ба итмом расида, 449 километр қитъаи баҳсноки марз тариқи маҳаллаҳои сераҳолии вилояти Суғд тӯл мекашад.

Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки марз бо назардошти ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 муайян карда шавад. Аммо Қирғизистон ба ин розӣ набуда, дар навбати худ пешниҳод дорад, ки маводи комиссияи баробарҳуқуқ аз соли 1958 ба инобат гирифта шавад.

Ҳамин тариқ, ҷонибҳо дар ин масъала ба созиш расида натавониста, то ҳол гуфтушунидҳо дар ин самт идома доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.