Полки 149-уми моторонидашудаи тирандозии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе ва гирду атрофи пойтахт ба машқгоҳи Лоҳур кӯчонида мешавад.
Ярослав Рошупкин, ёвари фаромндеҳи артиши Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар ин робита гуфтааст, пас аз кӯчонида шудани полк шумораи ҳайати шахсӣ ва вазифаҳои он тағйир намеёбанд.
Аз се иншооти низомии Русия дар минтақаҳои Тоҷикистон ду иншоот – полки моторонидашудаи Қӯрғонтеппа ва маркази оптикию электронии «Окно» – и Қӯшунҳои кайҳонӣ боқӣ мемонанд.
«Кӯчонида шудани полк бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мувофиқа шуда, тибқи нақша сурат мегирад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва тақвияти имконоти нерӯи ҷангии ин воҳиди ҳарбӣ аст. Шаҳраки низомӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон супурда мешавад», – хабар додааст Ярослав Рошупкин.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини ҳарбӣ дар хориҷи ин кишвар мебошад. Давоми соли 2015 мушовирони Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар мутахассисон омода намуданд.
Моҳи сентябр ба имконоти пойгоҳ бо гурӯҳи чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 мустақар дар фурудгоҳи низомии «Айнӣ», дар 30 километрии Душанбе тақвият бахшида шуд. Созишномае, ки моҳи октябри соли 2012 ба имзо расид, ба ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ҳадди ақал то соли 2042 имкон медиҳад.





