Зимни таҳияи буҷет беморони касалии қандро фаромӯш карданд



Зимни таҳияи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016 беморони касалӣ (диабет)-и қандро фаромӯш кардаанд, зеро тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ба бархе аз чунин беморон бояд аз ҷониби давлат бепул инсулин дода шавад.

Зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон оид ба ин масъала муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимов қайд кард, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 34 ҳазор нафар афроди гирифтор ба касалии қанд ба қайд гирифта шудааст.

«Аз ин шумор ба ҳудуди 3,5 ҳазор нафарашон бояд бепул инсулин дода шавад, ки маблағаш дар як сол наздики 5 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт Олимов.

Далели мазкур боиси норозигиву ошуфтагии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров гардида, ӯ аз Вазорати молия тақозо намуд, ки дар ин самт тадбирҳои таъҷилӣ андешида шавад.

«Таъҷилан тартиб додани рӯйхати беморони ниёзманд ба гирифтани инсулин, аз ин рӯйхат хориҷ кардани афроде, ки ба харидани инсулин аз ҳисоби худ имкон доранд ва дарёфти воситаҳо барои харидории инсулин барои афроди боқимонда зарур аст», – изҳор дошт Зуҳуров.

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар ин робита зикр кард, ки масъалаи мазкур дар фурсатҳои наздиктарин ҳаллу фасл хоҳад шуд.

spot_imgspot_img

Популярное