Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 19 ноябри соли ҷорӣ бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии ВАО хонум Дуня Миятович дидору гуфтушунид кард.
Қобили зикр аст, ки Дуня Миятович бо мақсади ширкат дар 17-ум конфронси Осиёи Марказӣ оид ба ВАО дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА, аз ҷумла бо Дафтари он созмон оид ба озодии ВАО мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин атрофи раванди татбиқи лоиҳаи пахши рақамӣ дар Тоҷикистон, чораҳои ҳукумати кишвар дар ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар масъалаҳои ВАО ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.



