Пазирифта шудани пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ЮНЕСКО



Тибқи қатъномаи Иҷлоси 38-уми Конференсияи генералии Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО), пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба ҷашнгирии 1250-солагии олими тоҷик Ҳаким Тирмизӣ, 100-солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии халқи тоҷик Ғаффор Валаматзода ва пешниҳоди муштараки Тоҷикистону Эрон вобаста ба 1150-солагии Закариёи Розӣ ба феҳрасти ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2016-2017 ворид гардиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Аз рӯи муқаррарот, ЮНЕСКО дар таҷлили ҷашнвораҳое, ки ба феҳристи ин Созмон ворид мешаванд, фаъолона ширкат меварзад.

Гуфта мешавад, таҷлили ҷашнвораҳои кишварҳои узви СММ яке аз барномаҳои машҳури ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад. Тибқи муқаррароти ЮНЕСКО кишварҳои узви ин созмон метавонанд ҷашнвораҳои кишвари худро барои ворид кардани онҳо ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Баъд аз омӯхтани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи ҷашнвораҳо, Конференсияи генералии ЮНЕСКО қарорро дар бораи ворид кардани ин ҷашнвораҳо ба феҳристи ЮНЕСКО қабул менамояд.

spot_imgspot_img

Популярное