Пазирифта шудани пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ЮНЕСКО

Тибқи қатъномаи Иҷлоси 38-уми Конференсияи генералии Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО), пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба ҷашнгирии 1250-солагии олими тоҷик Ҳаким Тирмизӣ, 100-солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии халқи тоҷик Ғаффор Валаматзода ва пешниҳоди муштараки Тоҷикистону Эрон вобаста ба 1150-солагии Закариёи Розӣ ба феҳрасти ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои […]

ASIA-Plus



Тибқи қатъномаи Иҷлоси 38-уми Конференсияи генералии Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО), пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба ҷашнгирии 1250-солагии олими тоҷик Ҳаким Тирмизӣ, 100-солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии халқи тоҷик Ғаффор Валаматзода ва пешниҳоди муштараки Тоҷикистону Эрон вобаста ба 1150-солагии Закариёи Розӣ ба феҳрасти ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2016-2017 ворид гардиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Аз рӯи муқаррарот, ЮНЕСКО дар таҷлили ҷашнвораҳое, ки ба феҳристи ин Созмон ворид мешаванд, фаъолона ширкат меварзад.

Гуфта мешавад, таҷлили ҷашнвораҳои кишварҳои узви СММ яке аз барномаҳои машҳури ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад. Тибқи муқаррароти ЮНЕСКО кишварҳои узви ин созмон метавонанд ҷашнвораҳои кишвари худро барои ворид кардани онҳо ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Баъд аз омӯхтани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи ҷашнвораҳо, Конференсияи генералии ЮНЕСКО қарорро дар бораи ворид кардани ин ҷашнвораҳо ба феҳристи ЮНЕСКО қабул менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.