Фирори муҳоҷирони тоҷик аз қабулгоҳи Нижний Новгород

Се нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар қабулгоҳи махсуси вилояти Нижний Новгород нигаҳдорӣ мешуданд, бо истифода аз як қисм (асбоб)-и кат ҷойи девори аз хишт холии ҳуҷраашонро сӯрох намуда, аз ин муассиса гурехтаанд. Хабаргузории Lifenews.ru. дар ин робита менависад, онҳо матоъи ҷойхобашонро ба ҳам пайваст баста, тариқи он аз ошёнаи дуюм ба […]

ASIA-Plus



Се нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар қабулгоҳи махсуси вилояти Нижний Новгород нигаҳдорӣ мешуданд, бо истифода аз як қисм (асбоб)-и кат ҷойи девори аз хишт холии ҳуҷраашонро сӯрох намуда, аз ин муассиса гурехтаанд.

Хабаргузории

Lifenews.ru.

дар ин робита менависад, онҳо матоъи ҷойхобашонро ба ҳам пайваст баста, тариқи он аз ошёнаи дуюм ба берун поин фаромадаанд.


– Онҳо мусалмонанд ва катро бо матоъи ҷойхоб мепӯшониданд, аз ин рӯ, касе дарҳол ин амалро пай набурдааст, – шарҳ додааст ин қазияро як манбаъ аз Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Нижний Новгород.

Аммо баъдтар маълум шудааст, ки фирор натанҳо бо ин сабаб, балки боз дар натиҷаи дар хоб будани посбони қабулгоҳ муясссар шудааст, ки бояд ҳар як соат қаламрави қабулгоҳро давр мезад, вале хобаш бурдааст.

Гуфта мешавад, ба ҷуз се нафар фирориён, дар ин ҳуҷра боз се нафари дигар муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳам ҳузур доштаанд, вале онҳо аз гурехтан худдорӣ кардаанд. Яке аз фирориён Самариддин Рустамов чанд моҳ қабл низ пеш аз ҷарроҳӣ аз бемористон гурехтанӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки феълан фирориён мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, дар Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Нижний Новгород санҷиши дохилӣ ҷараён дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.