Рӯзи ҷашни Парчам ҳаракати нақлиёт дар пойтахт маҳдуд мешавад



Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар робита ба ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ, рӯзи 24 ноябр аз соати 7-и субҳ то анҷоми раҳпаймоии шаҳрвандон аз назди муҷассамаи Сино дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ то муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад.

Ғайр аз ин, аз соати 16-и нимаи дуюми рӯз то анҷоми чорабинӣ ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар назди маҷмааи «Наврӯзгоҳ» баста мешавад. Дар ин ҷо соати 17-00

раҳпаймоии тантанавӣ ва консерт

доир мегардад, ки дар он беш аз 8 ҳазор нафар сокинони пойтахт бо парчами Тоҷикистон дар дастонашон иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷашни Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон, ки шурӯъ аз соли 2009 таҷлил мегардад, дар пойтахт ҳамчунин мизҳои гирд, конфронс, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор шуда, тамоми шаҳр бо шиору овезаҳои идона оро дода мешавад.

Бо қарори раиси пойтахт ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ низ бо нишонаҳои дорои аломати парчами Тоҷикистон таъмин мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное