– Лоиҳаи қонун «Дар бораи асосгузори сулҳ ва созиш – пешвои миллат», ки айни замон дар комиссия ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад, аз ҷониби як гурӯҳи вакилон бар асоси пешниҳоди аҳолии кишвар таҳия шуд, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» яке аз таҳиягарони ин қонун, раиси Кумитаи сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии палатаи поёнии парлумони кишвар Абдураҳим Холиқзода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии пешниҳоди лоиҳаи қонун «таҳкими асосҳои сохти конститутсионӣ, истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи тамоми иқдомҳои неки пешвои Тоҷикистони демократии ҳуқуқбунёд буда, ба андозае эҳтиром гузоштан ба хизматҳои фарзанди барӯмманди халқи тоҷик – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои ӯ назди Ватан ва мардум аст».
«Ҳақиқатан ҳам Эмомалӣ Раҳмон ахири қарни гузашта ва аввали асри ҳозира дар таърихи Тоҷикистони муосир нақши бузург, метавон гуфт тақдирсозро бозид. Ӯ давлатдории тоҷиконро аз пошхӯри наҷот дода, ба ҷанги бародаркушӣ хотима бахшид ва ба рушду такомули некӯаҳволии иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ва мардуми он асос гузошт. Ба туфайли талошҳои мунтазами ӯ имрӯз Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоистаи худро касб карда, аз обрӯву нуфуз дар ҷаҳон бархӯрдор аст», – таъкид дошт Холиқзода.





