Иҷозаи вуруд ба Русия ба 1500 шаҳрванди Тоҷикистон

Ба 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун вурудашон ба қаламрави Русия манъ шуда буд, дубора барои убури марзи ин кишвар иҷозат дода шуд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3000 адад ариза барои иҷозати такрории вуруд ба Русияро қабул кардааст. Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ […]

ASIA-Plus



Ба 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун вурудашон ба қаламрави Русия манъ шуда буд, дубора барои убури марзи ин кишвар иҷозат дода шуд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3000 адад ариза барои иҷозати такрории вуруд ба Русияро қабул кардааст.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳалли ин масъала дар ҷараёни гуфтушуниди Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия имконпазир шудааст.

«Айни замон барои иҷозати такрории вуруд ба Русия мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон 3 ҳазор адад аризаҳо гирифтем, ки ба 1,5 ҳазор адади онҳо посухи мусбат дода шуд. Ин кор чунин сурат мегирад: қабули ариза, ҷамъоварии маълумот ва фиристодани он ба Хадамоти федералии муҳоҷират. Онҳо дар муддати 15-25 рӯз ба мо ҷавоб медиҳанд», – гуфт ҳамсуҳбат ва илова намуд, ки ин кор комилан бепул анҷом дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ дархост намуд, ки миёни мафҳумҳои манъи вуруд ба Русия ва истирдоду ихроҷ аз он фарқ гузошта шавад. Вуруд ба Русияро барои ягон амали ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар, аз қабили пардохт нашудани маблағи гуфтугӯҳои телефонӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, ба таъхир гузоштани бақайдгирӣ ва ғайра манъ мекунанд, ки шумори чунин шаҳрвандон аллакай ба 200 ҳазор нафар расидааст.

«Дар ин масъала донишҷӯёни машғули таҳсил дар Русия, афроде, ки хоҳиши табобат дар Русияро доранд ва шахсоне, ки миёни шаҳрвандони Русия хешу ақрабо доранд, бештар афзалиятҳо доранд», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамасола аз 700 то 800 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 6 ноябри соли 2015 беш аз 933 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки зиёда аз 773 ҳазор нафарашонро мардон ва ҳудуди 159 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд. Оғози сол дар қаламрави Русия беш аз 999,1 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.