Вакил: Лоиҳаи қонун «Дар бораи пешвои миллат» бо дархости халқ таҳия шуд

– Лоиҳаи қонун «Дар бораи асосгузори сулҳ ва созиш – пешвои миллат», ки айни замон дар комиссия ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад, аз ҷониби як гурӯҳи вакилон бар асоси пешниҳоди аҳолии кишвар таҳия шуд, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» яке аз таҳиягарони ин қонун, раиси Кумитаи сохтмони […]

Аваз Юлдошев



– Лоиҳаи қонун «Дар бораи асосгузори сулҳ ва созиш – пешвои миллат», ки айни замон дар комиссия ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад, аз ҷониби як гурӯҳи вакилон бар асоси пешниҳоди аҳолии кишвар таҳия шуд, – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» яке аз таҳиягарони ин қонун, раиси Кумитаи сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии палатаи поёнии парлумони кишвар Абдураҳим Холиқзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии пешниҳоди лоиҳаи қонун «таҳкими асосҳои сохти конститутсионӣ, истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи тамоми иқдомҳои неки пешвои Тоҷикистони демократии ҳуқуқбунёд буда, ба андозае эҳтиром гузоштан ба хизматҳои фарзанди барӯмманди халқи тоҷик – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои ӯ назди Ватан ва мардум аст».

«Ҳақиқатан ҳам Эмомалӣ Раҳмон ахири қарни гузашта ва аввали асри ҳозира дар таърихи Тоҷикистони муосир нақши бузург, метавон гуфт тақдирсозро бозид. Ӯ давлатдории тоҷиконро аз пошхӯри наҷот дода, ба ҷанги бародаркушӣ хотима бахшид ва ба рушду такомули некӯаҳволии иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ва мардуми он асос гузошт. Ба туфайли талошҳои мунтазами ӯ имрӯз Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоистаи худро касб карда, аз обрӯву нуфуз дар ҷаҳон бархӯрдор аст», – таъкид дошт Холиқзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.