Пояи сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон дар Душанбе кӯчонида мешавад

Ояндаи наздик пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ), ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон қомат афрохта буд, кӯчонида мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани пояи сутуни мазкур дар доираи амалисозии […]

ASIA-Plus



Ояндаи наздик пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ), ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон қомат афрохта буд, кӯчонида мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани пояи сутуни мазкур дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

«Ғайр аз ин, моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пояи сутун бо нишони давлатии Тоҷикистон бунёд гардид. Аз нигоҳи меъморӣ дар як майдон воқеъ будани ду нишон зарурат надорад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки баландии пояи сутуни нав бо нишони давлатии Тоҷикистон 45 метр буда, паҳнои он 5 метр аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.