Дархости аз қаллобон эҳтиёт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъат мекунад, ки аз ҳодисаҳои қаллобӣ дар фурӯхтани ҳуҷҷатҳои сохта эҳтиёткор бошанд. Дар маълумоти интишоршудаи сафорат дар ин робита зикр мегардад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки вақтҳои ахир бинобар оиди дар баъзе гӯшаву канораҳои шаҳри Москва аз ҷониби шахс ва ё гурӯҳи […]

ASIA-Plus



Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъат мекунад, ки аз ҳодисаҳои қаллобӣ дар фурӯхтани ҳуҷҷатҳои сохта эҳтиёткор бошанд.

Дар

маълумоти

интишоршудаи сафорат дар ин робита зикр мегардад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки вақтҳои ахир бинобар оиди дар баъзе гӯшаву канораҳои шаҳри Москва аз ҷониби шахс ва ё гурӯҳи ашхоси алоҳида ҳодисаи сохтани ҳуҷҷату санадҳои қалбакӣ, ки гӯё дар Хадамоти консулгарии Сафорат дода шудаанд, маълумотҳо мерасанд.

«Санаду ҳуҷҷатҳои сохтаву қалбакӣ, аз ҷумла “Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан”, санади тарҷумаи шиноснома, шиносномаи дохилии шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳатто шиносномаи хориҷии биометриро дар қаламрави Москва ба шаҳрвандонамон ашхоси ҷиноятпеша бар ивази маблағе “таҳия” карда медодаанд», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, аксарияти соҳибони ин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва нафароне, ки ин корҳоро мекунанд, шояд надонанд, ки ин амалҳо дар асоси моддаи 327 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия ҷавобгарӣ дошта, дар баробари ин шахси чунин ҳуҷҷатгирифта хоҳу нохоҳ дар ин ё он гузаргоҳ боздошт хоҳад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки феълан, дар асоси дархости намояндагии дипломатӣ мақомоти пулис ва дигар сохторҳои тафтишотӣ ин қазияҳоро таҳти назорат гирифта, аз болои онҳо кор мебаранд.

«Бинобар ин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба шаҳрвандонамон муроҷиат намуда хоҳиш дорад, ки аз хизмати чунин гурӯҳҳои ҷиноятпеша истифода накарда, дар ҳолати дарёфт намудани маълумот дар бораи амали чунин ашхос ба сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар диҳанд», – омадааст дар маълумот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.