Қотили зани 32-солаи пойтахт базудӣ дастгир шуд



Ба гумони даст доштан дар куштори сокини 32-солаи пойтахт Савринисо Иззатуллоева сокини қаблан маҳкумшудаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз Русия баргаштааст, боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 24 ноябр шахси номаълум ба хонаи истиқоматии ин зан дар кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе ворид шуда, бо олоти халандаю буранда ба шикам, гулӯ ва тарафи чапи дили зан зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Иззатуллоева С., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Мирзоев Баҳрулло Самандарович соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, пеш мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Федератсияи Россия барои таҷовуз ба номус ва роҳзанӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштори шаҳрванд Изатуллоева С. дастгир карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное