Адвокатҳои тоҷик дигар аз манфиатҳои хешу ақрабо ҳимоят карда наметавонанд



Тағйироту иловаи тасдиқшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» ба чоп расида, аз 26 ноябр мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар он

талабот ба фаъолияти адвокатӣ

дар ҷумҳурӣ пурзӯртар мешавад.

Акнун аз ин ба баъд мутобиқи қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» адвокатҳо аз ҳуқуқи ҳимояти хешу ақрабои худ дар судҳо маҳрум карда шуда, минбаъд ба шахсони қаблан маҳкумшуда бидуни назардошти муҳлати суд шудани онҳо, машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистон манъ карда мешавад.

Шахсоне, ки шаҳрвандии ду кишварро доранд ё шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, дигар ба машғул шудани ба фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ надоранд. Ҳамчунин шахсоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гузошта нашудаанд, низа з ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда мешаванд.

Ғайр аз ин, ба шахсоне, ки барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ ё риоя кардани савганди ёдкарда аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз кор озод карда шудаанд, дигар ба машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, ин муқаррарот ба шахсоне, ки интизоми меҳнатро риоя накардаанд, дахл надорад.

Ҳамчунин шахсоне, ки аз санҷиши сатҳи тахасссусӣ ё аттестатсия намегузаранд, дигар хизматгузориҳои адвокатиро пешниҳод карда наметавонанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 1,6 ҳазор нафар адвокатҳо фаъолият доранд, ки зиёда аз 1,4 ҳазор нафари онҳо ба коллегияҳои гуногуни адвокатӣ муттаҳид шуда, 180 нафар адвокатҳо бар асоси иҷозатномаи Вазорати адлия фаъолияти худро тариқи инфиродӣ ба роҳ мондаанд.

spot_imgspot_img

Популярное