Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба ММД то 30% расида метавонад

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ аз 22,5%-и натиҷаи соли пешин охири соли равон то ба 30% расида метавонад. Тибқи пешгӯии намояндагии доимии Хазинаи байнулмилалии асъор, ки чанд рӯз қабл дар Душанбе изҳор шуд, афзоиши таносуби қарзи хориҷӣ ба ММД-и Тоҷикистонро таҳлилгарони Хазина ба коҳиши назарраси қурби арзи миллӣ нисбати […]

ASIA-Plus



Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ аз 22,5%-и натиҷаи соли пешин охири соли равон то ба 30% расида метавонад.

Тибқи пешгӯии намояндагии доимии Хазинаи байнулмилалии асъор, ки чанд рӯз қабл дар Душанбе изҳор шуд, афзоиши таносуби қарзи хориҷӣ ба ММД-и Тоҷикистонро таҳлилгарони Хазина ба коҳиши назарраси қурби арзи миллӣ нисбати доллари ИМА давоми соли ҷорӣ нисбат медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози сол қурби арзи миллӣ нисбати доллари ИМА қариб 27% поин рафт.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 октябри соли равон каме бештар аз 2,05 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аввали соли равон (аввали соли 2015 – 2,1 млрд. $)

ба миқдори 50 млн. доллари ИМА камтар аст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми ММД дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 33,6 млрд. сомонӣ (каме бештар аз 5,2 млрд. $ тибқи қурби санаи 1 октябри соли 2015)-ро ташкил додааст.

Аввали моҳи октябри соли гузашта ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА ва ҳаҷми ММД-и кишвар тӯли 9 моҳи соли 2014 зиёда аз 31,5 млрд. сомонӣ (беш аз 6,3 млрд. $ тибқи қурби санаи 1 октябьри соли 2014)-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.