Адвокатҳои тоҷик дигар аз манфиатҳои хешу ақрабо ҳимоят карда наметавонанд

Тағйироту иловаи тасдиқшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» ба чоп расида, аз 26 ноябр мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар он талабот ба фаъолияти адвокатӣ дар ҷумҳурӣ пурзӯртар мешавад. Акнун аз ин ба баъд мутобиқи қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» адвокатҳо аз ҳуқуқи ҳимояти хешу ақрабои […]

ASIA-Plus



Тағйироту иловаи тасдиқшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» ба чоп расида, аз 26 ноябр мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар он

талабот ба фаъолияти адвокатӣ

дар ҷумҳурӣ пурзӯртар мешавад.

Акнун аз ин ба баъд мутобиқи қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» адвокатҳо аз ҳуқуқи ҳимояти хешу ақрабои худ дар судҳо маҳрум карда шуда, минбаъд ба шахсони қаблан маҳкумшуда бидуни назардошти муҳлати суд шудани онҳо, машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистон манъ карда мешавад.

Шахсоне, ки шаҳрвандии ду кишварро доранд ё шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, дигар ба машғул шудани ба фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ надоранд. Ҳамчунин шахсоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гузошта нашудаанд, низа з ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда мешаванд.

Ғайр аз ин, ба шахсоне, ки барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ ё риоя кардани савганди ёдкарда аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз кор озод карда шудаанд, дигар ба машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, ин муқаррарот ба шахсоне, ки интизоми меҳнатро риоя накардаанд, дахл надорад.

Ҳамчунин шахсоне, ки аз санҷиши сатҳи тахасссусӣ ё аттестатсия намегузаранд, дигар хизматгузориҳои адвокатиро пешниҳод карда наметавонанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 1,6 ҳазор нафар адвокатҳо фаъолият доранд, ки зиёда аз 1,4 ҳазор нафари онҳо ба коллегияҳои гуногуни адвокатӣ муттаҳид шуда, 180 нафар адвокатҳо бар асоси иҷозатномаи Вазорати адлия фаъолияти худро тариқи инфиродӣ ба роҳ мондаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.