Зимистони имсолаи Тоҷикистон муътадил пешгӯӣ мешавад

Обуҳавошиносон зимистони имсола дар Тоҷикистонро муътадил пешгӯӣ мекунанд. Сардори шуъбаи пешгӯиҳои гидрометеорологии Муассисаи давлатии гидрометеорологии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки моҳи декабр ҳаво нисбатан гарм омада, аз 3 декабр боронҳо шурӯъ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, аз кай боридани барф дар шаҳрҳо маълумот дода нашуд. Обуҳавошиносон моҳи январ […]

ASIA-Plus



Обуҳавошиносон зимистони имсола дар Тоҷикистонро муътадил пешгӯӣ мекунанд.

Сардори шуъбаи пешгӯиҳои гидрометеорологии Муассисаи давлатии гидрометеорологии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки моҳи декабр ҳаво нисбатан гарм омада, аз 3 декабр боронҳо шурӯъ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, аз кай боридани барф дар шаҳрҳо маълумот дода нашуд.

Обуҳавошиносон моҳи январ ҳарорати нисбатан сардро пешгӯӣ мекунанд. «Соли гузашта моҳи феврал сард омада, моҳҳои декабр ва январ нисбатан гарм буданд. Имсол мо моҳи январро сард ва моҳи февралро нисбатан гарм пешгӯӣ мекунем», – гуфт Байдуллоева.

Ба гуфтаи ӯ, ин пешгӯӣ дар ҳамдастӣ бо хадамоти гидрометеоролгии Русия омода шудааст. Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносони амрикоӣ низ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ обуҳаворо пешгӯӣ мекунанд,муътадил омадани зимистони имсола дар Тоҷикистонро тасдиқ кардаанд.

«Тамоми муддати моҳҳои зимистон поинравии ҳарорати ҳаво, боридани барф дар назар буда, ҳарорат муътадил, сард, вале на он қадр хунукии шиддатнок чун дар соли 2008 хоҳд буд», – афзуд Байдуллоева.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.