Дар хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия дар вилояти Челябинск аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки ба даст доштан дар ошӯби собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.
«Боздоштшуда аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назардода гумонбар дониста мешавад. Ғайр аз ин, ӯ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони терроризм, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша ва қатлу куштор мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», – менависад
ТАСС
бо такя ба гуфтахои намояндаи ин ниҳод.
Дар амалиёти боздошт кормандони Хадамоти федералии амният ва мақомоти пулису прокуратура иштирок кардаанд. «Шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон дар макони будубоши муваққатиаш дар шаҳри Сатка боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ҷараёни тадбирҳои доиргардида як миқдор адабиёт мусодира шудааст, ки дар робита ба мавҷуд будани маводи ифротгароӣ дар он мавриди омӯзиш қарор дорад», – гуфтаанд дар хадамоти матбуот ва илова кардаанд, ки масъалаи истирдоди боздоштшуда ба Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Ному насабаи боздоштшуда зикр нашудааст.



