Вохӯрии М.Убайдуллоев бо раисони парлумони Покистону Афғонистон

Нимаи дуюми рӯзи 26 ноябри соли 2015 ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар ҷаласаи ҳаштуми пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ширкат варзид. Дар кори Ассамблея дар қатори ҳайатҳои парламентии давлатҳои-иштирокчии Ассамблеяи Парламентии СААД […]



Нимаи дуюми рӯзи 26 ноябри соли 2015 ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар ҷаласаи ҳаштуми пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ширкат варзид.

Дар кори Ассамблея дар қатори ҳайатҳои парламентии давлатҳои-иштирокчии Ассамблеяи Парламентии СААД ҳайатҳои парламентии Покистон таҳти роҳбарии Раиси Ассамблеяи миллии Парламенти Покистон Сардор Аёз Содиқ, Афғонистон таҳти роҳбарии Раиси Волеси Джиргаи Ассамблеяи  миллии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ, Эрон, Чин, Скупшинаи халқии Сербия ва дигарон иштирок карданд.

Ассамблея кори худро аз баррасии масъалаи ташкили шурӯъ намуд. Раиси Ассамблеяи Парламентии СААД аз нав Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Сергей Наришкин интихоб гардид. Дар Ассамблея як зумра лоиҳаи қонунҳои модулӣ (қолабӣ) тасдиқ шуданд.

Рӯзи 26 ноябр ҳайати парламентии Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ширкат варзид.

Зимни сафар ба шаҳри Санкт-Петербург Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Ассамблеяи Парламентии СААД бо Раиси Ассамблеяи Миллии Парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Холбой Қурбонов, мудири шӯъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ 

оид ба робитаҳои байнипарламентӣ, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба сафари давлатии пурсамари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон 11-13 ноябри соли равон ибрози ақида намуда, қайд кард, ки натиҷаҳои он инъикоскунандаи азми самимии ҳарду ҷониб ба тақвияти беш аз пеши муносибатҳои гуногунҷабҳаи байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили марбут ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, савдо, транзити мол ва хизматгузориҳо табодули назар намуданд.

Худи ҳамон рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Волеси Ҷиргаи Ассамблеяи  миллии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ ва Раиси Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон оид ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Алоуддин Боруҷерди вохӯрд.

Дар ҷараёни мулоқотҳо ҷонибҳо доир ба робитаҳои парламентӣ ва саҳми парламентҳои кишварҳо дар густариши ҳамкориҳои бевоситаи тиҷоративу-иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарӣ ибрози ақида намуданд.

Тарафҳо оид ба масъалаҳои таъмини амният, пойдории сулҳу суббот дар минтақа, зарурати муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди тахдиду даъватҳои номатлуби замони муосир ба монанди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғай­риқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.