Боздошти яке аз ҳаммаслакони генерал Назарзода дар Русия

Дар хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия дар вилояти Челябинск аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки ба даст доштан дар ошӯби собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. «Боздоштшуда аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назардода гумонбар дониста мешавад. Ғайр аз […]



Дар хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия дар вилояти Челябинск аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки ба даст доштан дар ошӯби собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.

«Боздоштшуда аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назардода гумонбар дониста мешавад. Ғайр аз ин, ӯ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони терроризм, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша ва қатлу куштор мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», – менависад

ТАСС

бо такя ба гуфтахои намояндаи ин ниҳод.

Дар амалиёти боздошт кормандони Хадамоти федералии амният ва мақомоти пулису прокуратура иштирок кардаанд. «Шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон дар макони будубоши муваққатиаш дар шаҳри Сатка боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ҷараёни тадбирҳои доиргардида як миқдор адабиёт мусодира шудааст, ки дар робита ба мавҷуд будани маводи ифротгароӣ дар он мавриди омӯзиш қарор дорад», – гуфтаанд дар хадамоти матбуот ва илова кардаанд, ки масъалаи истирдоди боздоштшуда ба Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Ному насабаи боздоштшуда зикр нашудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.